LIVE

“ПСЖ” барои ҳимоятгари Барса 25 млн медиҳад

Ҳимоятгари “Барселона”  Эмерсон, ки дар дастаи "Бетис" ҳамчун иҷора бозӣ мекунад, метавонад корномаи касбии худро дар Фаронса идома диҳад. 
Ба Эмерсони 22-сола бошгоҳи “ПСЖ”  таваҷҷуҳ дорад. Ба иттилои Diario Sport директори варзишии дастаи шаҳри Париж Леонардо ба бразилӣ тақрибан 25 миллион евро пешниҳод мекунад.
Нилунориҳо аз ин гузариши эҳтимолӣ маблағи пурраро нахоҳанд гирифт, зеро як қисми маблағ тибқи шартномаи байнӣ ба хазинаи  “Бетис” меравад. "Барселона" Эмерсонро моҳи январи соли 2019 ба маблағи 12 миллион евро харидорӣ намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив