LIVE

Чаро Месси дар “Барселона” наистод?

Чанд рӯзи ахир боз дар тамоми сомонаҳои варзишии олам, балки тамоми хабаргузориҳо оиди қатъ кардани қарордоди Месси аз тарафи роҳбарияти “Барселона” сухан меронанд. Ва мусаллам аст, ки ин гуна хабарҳо дар худ сад ҳадсу гумони дигарро бармеангезад. Яке аз овозаҳо, ки аз тарафи мухлисони футбол сарусадои зиёдро ба по кардааст, ин аст, ки чаро Месси розӣ шуд, ки 50% маошаш кам шавад, аммо ҳолати молиявии бошгоҳи каталонӣ имкони бардошти ҳаминро ҳам надошт, зеро тибқи омори расида, 110% даромади “Барселона” дар соли гузашта барои пардохти маош сарф гаштааст, ки ин нишондоди рекордӣ дар таърихи ин бошгоҳи номдори каталонӣ гашт. Бинобар ин мухлисон, чӣ тарафдорон ва чӣ мухолифони Мессиро як савол нороҳат мекунад. Чаро Месси танҳо 50% маошаш кам шуданро розӣ шуд? Магар намешуд ба камтар аз ин ризоият медод, то дар дастаи дӯстдоштааш, ки мегуфт аз ин ҷо рафтанӣ нест, биистад?

Бинобар ин, мо ба ҷустуҷӯи ҷавоби ин савол машғул шудем ва дар натиҷаи таҳқиқҳои гузаронидашуда маълум гашт, ки сабаб дар чист? Тибқи қонунҳои Испания барои кордиҳанда бастани шартномаи нав камтар аз 50% қарордоди маоши пешинааш қатъиян манъ аст!!! Бошгоҳи футболи “Барселона” низ аз қоида истисно нест ва бояд ҳамчун субъекти испанӣ ин қонунро риоя намояд. 

Бинобар ин, ҳатто бо розӣ шудани Лионел Месси бидуни маош низ наметавонад бошгоҳ бо ӯ дубора қарордод ба имзо расонад. Сабаби чунин қонун, роҳ надодан ба ҳолатҳои пинҳонкории молиявӣ мебошад, ки давлатдорони Испания намегузоранд чунин ҳолатҳо рух диҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив