LIVE

Охирин кӯшиши “Барса” барои ба даст овардани Месси

Mundo Deportivo хабар медиҳад, ки “Барселона” кӯшиши охиринро барои ба даст овардани ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси кардааст.
Бино ба иттилои манбаъ, директори генералии клуби каталонӣ Ферран Ревертер бо футболбоз гуфтушунид гузаронида, ба ӯ пешниҳоди нав барои дар клуб мондан кардааст.
Рӯзи 5-уми август “Барселона” эълон кард, ки созишномаи худро бо Месси тамдид намекунад. Ин ба монеаҳои молиявӣ ва сохторӣ, ки дар низомномаи Лигаи Испания навишта шудааст, вобаста аст. Гузариши Месси ба “ПСЖ”  наздик аст. 
Месси аз соли 2005 дар ҳайати асосии “Барселона” бозӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив