LIVE

"Истаравшан" бо шикаст додани "Эсхата" ба зинаи сеюми ҷадвали умумӣ баромад

Дар бозии даври 14-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ,  дастаи “Истаравшан” ба дарвозаи “Эсхата” 2 голи беҷаб зад. Ҳарду голро футболбози ҷадиди дастаи мазкур Ҷафар Исмоилов дар дақиқаҳои 31-ум 48-ум ба самар расонида, бошгоҳи “Эсхата”-ро ноком сохт. Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин ғалабаи истаравшаниҳо бар тими навкори Лигаи олӣ дар мавсими ҷорӣ ба ҳисоб меравад. 
Ҳамчунин дар бозии дигари даври 14-уми Лигаи олӣ “Истиқлол”  бар “Файзканд” ғалаба кард. Дидори датаҳои “Равшан” ва “Душанбе” бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.      

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив