LIVE

"Ҳосилот" бо ду бозигари нав қарордод баст

Довуд Раззоқов дастпарвари дастаи "Сомон"-и ноҳияи Данғара буда, дар дастаҳои "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб,  "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ ва "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ ҳунарнамоӣ намудааст. Самандар Қудратзода бошад, дастпарвари дастаи "Регар -Тадаз"-и шаҳри Турсунзода буда, солиёни зиёд  ҳам дар ҳайати ҷавонон ва ҳам дар ҳайати асосии ин даста  фаъолият кардааст. Ин ду бозингар дар даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи якум шарафи дастаи "Ҳосилот"-ро ҳимоят мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив