LIVE

Неймар ва "Барса" нофаҳмиҳояшонро ҳал карданд

"Барселона" ва Неймар, ки ҳоло дар "ПСЖ" бозӣ мекунад, бар сари ихтилофи назарҳо аз додгоҳ ба тавофуқ расиданд.

    Форвард, ки аз соли 2013 то 2017 дар клуби Каталония бозӣ мекард, аз "Барса" 43,6 миллион евро талаб кард. Маблағе, ки ба ақидаи бразилӣ "Барселона" барои тамдиди шартнома дар соли 2016 аз ӯ  қарздор буд.
   Дар навбати худ, "Барселона" исрор мекард, ки Неймар бояд ба ӯ беш аз 9 миллион евро, ки ҳангоми имзои шартнома гирифтааст, баргардонад.
   Дар натиҷа, додгоҳ қарор кард, ки Неймар бояд ба Барселона 6,7 миллион евро пардохт кунад. Футболбоз ҳаққи шикоят карданро дошт, ки онро истифода бурд.  Дар ниҳоят, ҷонибҳо берун аз додгоҳ ба созиш расиданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив