LIVE

Голи якуми Шаҳром Самиев дар Белорусия

Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев голи нахустини худро дар ҳайати "Торпедо-БелАЗ" дар Лигаи олии чемпионати Беларусия ба самар расонид. Дар даври 16-уми чемпионати Беларус дастаи Шаҳром Самиев дар майдони худ "Динамо Минск"-ро қабул кард ва бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд. Футболбози тоҷик дар ҳайати асосии "Торпедо-БелАЗ" вориди майдон шуда, дар дақиқаи 19-уми вохӯрӣ як гол зад.
Бояд тазаккур дод, ки пас аз шонздаҳ даври бозӣ “Торпедо-БелАЗ”-и Шаҳром Самиев 19 хол ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа   мақоми даҳумро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив