LIVE

Шаҳром Самиев бозингари "Торпедо-БелАЗ" шуд

Ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев бо бошгоҳи "Торпедо-БелАЗ"-и Беларус шартнома ба имзо расонид.
Шаҳром Самиев аз клуби "Динамо-Авто" ба "Торпедо-БелАЗ" гузашт ва дар он ҷо ба таври иҷора бозӣ мекард. Дар мавсими солҳои 2020/21 Самиев дар ҳайати “Динамо-Авто” дар дивизиони миллии Молдова 19 бозӣ гузаронида, ҳафт гол задааст. Дар замонҳои гуногун ӯ дар чунин клубҳо, ба монанди "Баркчӣ", "Данғара" ва "Истиқлол" бозӣ мекард. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шаҳром Самиев 10 бозӣ гузаронидааст, ки дар онҳо чор гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив