LIVE

Шаҳром Самиев бо ҳайати асосии "Рубин" тамрин дорад

Ҳамлагари ҷавони тоҷик Шаҳром Самиев, ки моҳи гузашта ба дастаи "Рубин"-и Қазон гузашта буд, айни ҳол бо ҳайати асосии дастааш тамрин карда истодааст. "Рубин" дар равзанаи гузариши футболбозон моҳи январ ҳашт бозингари ҷадид харидорӣ намуд, ки дар миёни онҳо Шаҳром Самиев низ ҳаст. Шаҳром Самиев қаблан дар дастаҳои "Барқчӣ", КМВА ВМ ҶТ ва "Истиқлол" бозӣ мекард. Дастаи "Рубин" бозии худро дар Премйер-лигаи Россия рӯзи 1-уми март дар сафар бо "Тамбов" баргузор мекунад ва дар назар аст, ки Шаҳром Самиев ба майдон хоҳад баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив