LIVE

«Ташаккур ва барори кор!»: “Динамо–Авто” бо Шаҳром тоҷикӣ хайрухуш кард

Сомонаи расмии “Динамо–Авто”, дастаи футболи шаҳри Тирасполи Молдова рӯзи 3-юми июн расман тарки ин даста кардани яке аз бозигарони калидиаш, ҳуҷумкунандаи 20-сола аз Тоҷикистон Шаҳром Самиевро тасдиқ кард. Дар сомонаи ин бошгоҳ Шаҳром Самиев бо эҳтиром “бародари тоҷики мо” ном бурда, ба вай ба забони тоҷикӣ чунин суханро раво дидаанд: «Ташаккур ва барори кор!» 
Футболбози тоҷикро “Динамо–Авто” аз дастаи “Шериф”  иҷора гирифта буд. Шаҳром Самиев дар бозиҳои дивизиони миллӣ ва Ҷоми Молдова 21 маротиба дар ҳайъати дастаи Тираспол ба майдон баромада, 9 гол задааст.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шаҳром Самиев  ба ҳайъати дастаи "Торпедо-БелАЗ" аз шаҳри Жодинои Беларус мегузарад. Ин даста дар Лигаи олии футболи Беларус бозӣ мекунад.
Шаҳром Самиев 8 феврали соли 2001 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дар хурдӣ аз падар ятим монд ва Шаҳромро модараш танҳо ба воя расонд.
Шаҳром дар видеои хайрбодиаш аз бошгоҳи Тираспол ва мухлисонаш изҳори сипос кард: “Ман хеле хушам, ки дар ҳайъати “Динамо-Авто” бозӣ мекардам. Инҷо ҳама бачаҳои хубанд, мо мисли як оила будем. Ба ман дар Тираспол хеле хуш омад. Ин як таҷрибаи бузург буд. Сипос ба ҳама!”
Шаҳром собиқаи футболбозиашро дар Тоҷикистон сар карда, қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ» ва «БМВА-Помир» бозӣ мекард ва соли 2019 дар ҳайъати «Истиқлол»-и Душанбе сазовори се ҷоиза – қаҳрамони футболи Тоҷикистон ва барандаи Ҷом ва Шоҳҷоми футболи кишвар шуд.
Дар аввали соли 2020 Шаҳром Самиев бо тими маъруфи футболи Русия – «Рубин» аз шаҳри Қазон қарордод баст, вале аз онҷо ба “Шериф” гузашт ва ба Молдова рафт. “Шериф” ба навбати худ ҳуҷумкунандаи тими миллии Тоҷикистонро ба “Динамо–Авто” ба иҷора дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив