LIVE

Муҳаммад Султонов аз ноҳияи Ёвон то Премйер Лигаи Россия

22 декабри соли 1992 дар нохияи  Ёвони вилояти Хатлон ба дунё омадааст, писари чоруми оила мебошад.  Пас аз як сол, оилаи онхо ба Душанбе кӯчиданд ва соли 2002 ба шаҳри Каменкаи вилояти Пензаи  Русия мухочир шуданд, Мухаммад дар Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони рақами 1 ба таҳсил шурӯъ кард.  Соли 2007 ба дастаи чавонони  ССКА гузашт.
 Дар мавсимҳои 2010-2011 дар чемпионати ҷавонон 48 бозӣ бози гузаронида, 9 гол задааст.  Моҳи феврали соли 2012 ба "Локомотив"-и Москва гузашт.Барои дастаи "Локомотив"-2 дар мавсимҳои 2011/12 - 2013/14, дар ПФЛ 55 бозӣ гузаронида, 15 гол задааст.  Дар  мавсими 2013/14 ба дастаи  "Спартак-Налчик" гузашт, ва  мавсими 2014/15 -ро дар дастаи  "Тосно" гузаронида, бо он барандаи медали биринҷии чемпионат шуд. Ду мавсими  дигар дар Лигаи якум барои дастаи "Шинник Ярослав" бозӣ кард.
 Тобистони соли 2017 ӯ ба дастаи  "Ротор" гузашт.  Дар оғози мавсими 2018/19, ӯ осеби  вазнин бардошт дар давоми шаш моҳ аз футбол дур шуд курси тӯлониро  паси сар кард ва дар мавсими баҳории чемпионат ба бозихо баргашт. Вай мувофиқи овоздихии мухлисон 3 маротиба беҳтарин футболбози лигаи якум дониста шуд (апрел, май, ноябри соли 2019).  11 августи соли 2020 аввалин бозии худро дар Премйер Лига дар майдони худ бо "Зенит" (0:2) анҷом дод.
 9 сентябри соли 2020 ӯ бо "Нижний Новгород" шартнома имзо кард.
 Тобистони соли 2021, ӯ бо "Торпедо"-и Маскав шартномаи дусола имзо кард.
 Ҳаёти шахсӣ
 Бо  Кристина Султонова, ки дар кӯдакӣ дар Каменка шинос шуда буд, 3 августи соли 2016 издивоҷ кард
 Дастовардҳо
 ССКА (Москва)
 Барандаи медали биринҷии чемпионати ҷавонони Русия: 2011/12 (2011)
 "Тосно"
 Барандаи медали биринҷии лигаи якуми Русия  2014/15
 "Ротор"
 Қаҳрамони лигаи якуми Русия  2019/20
 Финалисти Ҷоми ФНЛ: 2019
 "Нижний Новгород"
 Барандаи медали биринҷии лигаи якуми Русия: 2020/21

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив