LIVE

Бензема бо Зидан баробар шуд

Ҳамлагари дастаи мунтахаби Фаронса Карим Бензема аз рӯи задани гол дар мунтахаби Фаронса  бо Зинеддин Зидан баробар шуд.
Дар бозии даври1/8 ниҳоии ЕВРО-2020 бо мунтахаби Швейтсария Карим ба задани ду гол даст ёфт. Ҳамин тавр, дар мунтахаби Фаронса дар ҳисоби ӯ 31 гол аст. Зидан низ дар мунтахаб ҳамин қадар гол задааст.
Голҳои бештарро дар мунтахаби Фаронса Терри Анри (51), Оливйе Жиру (46), Мишел Платини (41), Антуан Гризманн (37) ва Давид Трезеге (34) ба самар расонидаанд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив