LIVE

5 голи "Соро компания" ба дарвозаи "Помир"

Дар бозии ниҳоии даври аввали мавсими нави Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021, дастаи  "Соро компаия"-и Душанбе бар дебютанти мусобиқот бошгоҳи "Помир"-и Хорӯғ бо ҳисоби 5:0 ғалаба  ба даст овард. Голҳоро легионерҳои эронӣ Муҳсин Муҳаммадӣ ва Рухулло Исорӣ, инчунин Муҳаммад Шарифов, Муҳаммад Раҷабов ва Фирӯз Сангов ба самар расониданд.
    Қаблан   дар даври аввал, "Сипар" -и Хуҷанд  дастаи "Пойтахт" -ро шикаст дод (8:0), ва "Истиқлол" -и Душанбе  "Самандар" -и Турсунзодаро бо натиҷаи 4:1 мағлуб намуд. 

Бозиҳои даври дуввуми Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2021 рӯзи 26 июн баргузор мешаванд. Дар ин рӯз бозиҳои "Сипар" - "Истиклол", "Соро компания" - "Пойтахт" ва "Помир" - "Самандар" баргузор мешаванд.

 

БҒМБТ/Т
1«Сипар» (Хуҷанд)11008-03
2«Соро компания» (Душанбе)11005-03
3«Истиқлол» (Душанбе)11004-13
4«Самандар» (Турсунзода)10011-40
5«Помир» (Хорӯғ)10010-50
6«Пойтахт» (Душанбе)10010-80

Next Post

Комментарии 1

NEKRUZ от 25 июня 2021 08:23
Помир ба пеш

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив