LIVE

Натиҷаҳои рӯзи ҳафтуми Ҷоми Аврупо

Рӯзи ҳафтуми бозиҳои Ҷоми Аврупо оид ба футбол ҳам ба анҷом расид. 17 июн дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ 3 бозӣ баргузор гардид. Дар гурӯҳи “В” мунтахаби Дания бо ҳамтойни белгиягии худ дар майдони “Паркен” – и шаҳри Копенгаген дидор намуданд. Меҳмонон бо ҳисоби 2-1 бар мизбонон ғолиб омаданд. Голи ғалабаоварро бозингари мунтахаби Белгия ва дастаи “Менчестер Сити” Кевин Де Брёйне ба самар арсонд. Ҳамин тавр, баъди анҷоми ин давр, мунтахаби Белгия баъд аз Италия дувумин тиме гашт, ки барои ба марҳилаи баъдӣ баромадан имкон пайдо кард. Онҳо баъди ду бозӣ, дар ҳисобашон 6 имтиёз дошта пешсафи гурӯҳи худанд. Дар ҷойи дуюм мунтахаби Русия бо 3 имтиёз аз Финляндия бо натиҷаи вохӯриҳои доиркардаашон меистанд. 

Ҳамчунин ду бозии гурӯҳи “С” низ дирӯз доир гардид. Дар бозии аввал, мунтахабҳои Украина бо Мақдунияи Шимолӣ бо ҳисоби 2-1 ғолиб омаданд. Голҳоро Ярмоленко ва Яремчук аз украиниҳо ва голи ягонаи мунтахаби Мақдунияи Шимолӣ бошад, Алиоски ба самар расонд. Дар бозии охирини дирӯз мунтахаби Нидерланд бо мунтахаби Австрия дар майдони “Йохан Круифф Арена” – и Амстердам бозӣ намуданд. Бозӣ бо пирӯзиии нидерландиҳо бо ҳисоби 2-0 анҷом ёфт. Акнун онҳо дар гурӯҳи “С” бо доштани 6 имтиёз пешсаф буда, барои ба даври плей-офф баромадан имкони пурра ёфтанд. Мунтахабаҳои Украина ва Австрия бо 3 имтиёзӣ барои ба даври дигар баромадан як бозии дигарро бояд ғолиб оянд, аммо барои мунтахаби Мақдунияи Шимолӣ, ки ягон имтиёз надорад, натиҷаи бозии дигар чизеро даст намедиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив