LIVE

Рекорди мунтахаби Испания

Дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобии ҶҶ-2022 мунтахаби Гурҷистон бозии худро бо мунтахаби Испания доир намуд. Бозии мазкур дар майдони “Динамо-Арена – Борис Пайчадзе”-и шаҳри Тбилиси баргузор гардида, меҳмонон бо ҳисоби 1-2 ғолиб омаданд. Ҳамин тавр, силсилаи бозиҳои бебохти мунтхаби Испания дар марҳилаи интихобии ҷомҳои ҷаҳонӣ ба 65 бозӣ расида, дар онҳо 51 маротиба испаниҳо ғолиб омада, дар 14 бозии дигар мусовӣ намудаанд. Ин нишондод, дар таърихи бозиҳои квалификатсионии Ҷоми Ҷаҳонӣ рекордӣ мебошад. Охирон маротиба мунтахаби Испания 31 марти соли 1993 дар бозӣ бо мунтахаби Дания бо ҳисоби 0-1 мағлуб шуда буд.

Алъон Испания бо 4 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи В қарор дорад. Мунтахаби Гурҷистон бошад, дар ҷойи панҷум бе имтиёз қарор дорад. Гурҷистон ва Испания дар марҳилаи интихобии ҶҶ-2022 бо Шведсия, Юнон ва Косово дар гурӯҳи В қарор доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив