LIVE

Чаро "Реал" нисбати Рамос чунин ноҳақӣ кард?

"Реал" дар сайти расмии худ ҷудоӣ бо ҳимоятгар Серхио Рамосро эълон кард.  Охири моҳи равон шартномаи капитан бо клуб ба итмом мерасад ва тарафҳо онро тамдид накардаанд.  Пагоҳ 17 июн нишасти матбуотӣ баргузор мешавад, ки дар он ба ҷуз Серхио, президенти "Реал" Флорентино Перес низ ширкат мекунад.  Ёдовар мешавем, "Реал" ба Рамос пешниҳод кард, ки шартномаро барои як сол тамдид кунад ва футболбоз барои ду сол мехост.  Серхио инчунин намехост, ки музди меҳнати кам бигиранд.  Хабар дода шуд, ки испанӣ ҳанӯз ҳам омодагии худро барои тамдиди қарордод бо шароити клуб изҳор доштааст, аммо Перес аз рафтори ӯ норозӣ будааст.  Рамос аз соли 2005 дар дастаи “Реал” бозӣ мекунад.  Бо клуби мазкур футболбози 35-сола панҷ маротиба қаҳрамони Испания шуд, ду Ҷом ва чор Суперҷоми кишварро ба даст овард, Чор маротиба Лигаи Чемпионҳоро ба даст овард, ғолиби секаратаи Суперҷоми УЕФА ва ғолиби чоркаратаи Ҷоми ҷаҳонии клубҳост.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив