LIVE

Пеш аз бозии дастаи Бразилия бо Неймар чӣ ҳодиса рух дод?

Пеш аз бозии тими миллии Бразилия мухлисон дар назди меҳмонхона ба  Неймар дарафтоданд.

Ҳангоми аз автобус фаромадан, мухлисон ба ҳамлагари бразилӣ Неймар ҳуҷум карданд. Ҳодиса дар наздикии меҳмонхона дар Порту Алегре, ки дар он дастаи мунтахаби Бразилия ҷойгир аст, рух додааст.

Чанд мухлис амниятро вайрон карда, Неймарро  оғӯш намуданд. Хадамоти амният барои аз футболбоз дур кардани мухлисон кӯмак кард.

5 июн тими миллии Бразилия дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо тими миллии Эквадор бозӣ мекунад. Ин бозӣ дар Порту-Алегре дар варзишгоҳи "Бейра Рио - Хосе Пинейро Борда" баргузор мешавад. 9 июн Бразилия бо Парагвай рақобат мекунад.

Дар ҳоли ҳозир тими миллии Бразилия бо 12 имтиёз пешсафи гурӯҳи худ мебошад. Даста дар чор бозии марҳилаи интихобӣ ғалаба ба даст овард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив