LIVE

Италия нашуд, Роналду ба Фаронса меравад

Ҳамлагари "Ювентус" Криштиану Роналду метавонад фаъолияти худро дар чемпионати Фаронса идома диҳад.

"ПСЖ" музокиротро бо намояндагони ҳамлагари 36-сола оғоз кард.

Роҳбарияти туриниҳо омода аст, ки масъалаи гузариши португалиро баррасӣ кунад. Зеро Массимилиано Аллегри ба ӯ эҳтиёҷ надорад.

"ПСЖ" чунин мешуморад, ки имзои Криштиану ба даста имкон медиҳад, то талафоти эҳтимолии Килиан Мбапперо дар ҳоли тамдид накардани  шартномааш рӯйпӯш кунад
Гузашта аз ин, Роналду бо Nike, ки сарпарасти техникии "ПСЖ" мебошад, ҳамкорӣ дорад. Интиқол ба ҳарду ҷониб манфиат меорад.

"Юве" барои Роналду 25-30 миллион евро талаб мекунад. Ҳамчунин варианти мубодила бо ҳамлагари парижиҳо Мауро Икарди имконпазир аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив