LIVE

УЕФА “Барса”, “Реал” ва “Юве”-ро аз Лигаи Чемпионҳо меронад

УЕФА “Барселона”, “Реал Мадрид” ва “Ювентус”-ро дар мавсими оянда ба Лигаи  Чемпионҳо роҳ намедиҳад. Дар ин бора El Partidazo de COPE менависад. 
Тибқи иттилои манбаъ, клубҳои мазкур ба ғайр аз маҳрумият метавонанд ҷаримаҳои ҷиддии пулӣ низ супоранд. Қайд карда мешавад, ки агар таҳримот ҷорӣ карда шаванд, пас ин се клуб ба Суди арбитражии варзишӣ (CAS) шикоят хоҳанд бурд.
Ёдовар мешавем, ки Суперлига бо иштироки 12 даста рӯзи 19 апрел ташкил шуда буд, аммо пас аз ду рӯз нӯҳ клуб даст кашидан. Танҳо "Барселона", "Реал" ва "Ювентус" то ҳол эълони хуруҷ аз ин мусобиқаро накардаанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив