LIVE

Тақдири “Ман Сити” то ба ҳол норушан аст

Моҳи феврали соли ҷорӣ УЕФА бошгоҳи “Манчестер Сити”- ро барои риоя накардани талаботи молиявӣ ҷазо дод.    Пас аз ин қарор англисҳо аз болои қарори   УЕФА  ба суди  арбитражии варзишӣ шикоят карданд. Суди  арбитражии варзишӣ (CAS) мурофиаи парвандаи “Манчестер Сити” - ро ба итмом расонд. Рӯзи душанбе, 8-уми июн Суди  арбитражии варзишӣ баррасии шикояти “Манчестер Сити” - ро дар бораи қарори УЕФА тавассути онлайн видеоӣ оғоз намуд ва се рӯз давом кард. Қарори ниҳоӣ дар мавриди “Манчестер Сити” дар нимаи аввали моҳи июл қабул хоҳад шуд. Дар миёнаи моҳи феврал УЕФА бошгоҳи “Манчестер Сити” - ро барои вайрон кардани қоидаҳои молиявӣ ҷазо дод. Тибқи муҷозоти УЕФА “шаҳриҳо” ҳаққи ширкат дар Лигаи Чемпионҳо ва Лигаи Аврупоро барои ду соли оянда аз даст додаанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив