LIVE

“Реал”, “Барса”, “Юве” ва “Милан” аз Лигаи чемпионҳо хориҷ мешаванд?

Иттиҳодияи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) омодааст, ки ба муассисони Суперлига дар сурати даст накашиданашон аз ин лоиҳа  таҳримот ҷорӣ кунад. Ҷазо барои ин тимҳо метавонад манъи иштирок дар мусобиқаҳои Аврупо барои ду сол  бошад. Яъне “Реал”, “Барселона”, “Ювентус” ва “Милан” метавонанд ду сол  дар Лигаи чемпионҳо ширкат накунанд.
Ҳамзамон, УЕФА бо ҳамаи клубҳое, ки нақша доштанд дар Суперлига ширкат варзанд, гуфтушунидҳо анҷом дод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷазои сабуктар мегиранд ва дар назди мардум ваъда медиҳанд, ки аз Суперлига даст мекашанд.
УЕФА ҳанӯз натавонистааст дар ин бора бо "Интер" мувофиқат кунад.  Дастаҳои  "Арсенал", "Атлетико", "Челси", "Ливерпул", "Манчестер Сити", "Манчестер Юнайтед" ва "Тоттенхэм" ба ин шарт розӣ шуданд.
Қаблан додгоҳи Мадрид қарор кард, ки ин УЕФА наметавонад алайҳи ширкаткунандагони Суперлига таҳримот ҷорӣ кунад ва онҳоро аз мусобиқа хориҷ кунад.
УЕФА намехоҳад мурофиаи судиро кашола кунад ва умедвор аст, ки ду дастаи дигар расман аз лоиҳа даст мекашанд. Мувофиқи оинномаи Суперлига, дар сурати аз 12 тим даст кашидани  9 тояш, лоиҳа расман барҳам мехурад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив