LIVE

Сармураббии нави мунтахаби Олмон

Тими мунтахаби Олмонро баъди Ҷоми Аврупо – 2020 сармураббии нав роҳбарӣ хоҳад кард. Ба ин мақом, сармураббии мавсими ҷории “Бавария” Ханс-Дитер Фликмтаъин шудааст. Ӯ бо Иттиҳоди футболи Олмон (DFB) то соли 2024 қарордод ба имзо расонид. Қарордод бо ин мутахассиси 54 – сола аз 1 июли соли равон мавриди амалӣ қарор мегирад. Йоахим Лев, ки алъон вазифаи сармураббии тими мунтахаби Олмонро ба дӯш дорад, баъди анҷоми Ҷоми Аврупо – 2020, ки ба имсол гузаронида шудааст, тарки мақом хоҳад кард. Ӯ аз соли 2006 инҷониб сармураббии мунтахаби Олмонро ба дӯш дошта, тӯли ин муддат маҳз тавассути роҳбарии Лев соли 2014 мунтахаби кишвараш бори чаҳорум барандаи Ҷоми Ҷаҳон гашт, ки дар кишвари Бразилия баргузор гардида буд. Тими мунтахаби зери роҳбариаш дар финал мунтахаби Аргентинаро бо ҳисоби 1-0 шикаст дода буд. Йоахим Лев аз тасмими даст кашиданаш аз мақоми сармураббигӣ 9 марти соли ҷорӣ хабар дода буд, новобаста ба он ки қарордодаш ба итмом нарасидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив