LIVE

Гарет Бэйл корномаашро хотима медиҳад

Нимҳимоятгари “Реал Мадрид”   Гарет Бэйл, ки дар тими “Тоттенҳэм” ба иҷора гирифта шудааст, метавонад дар охири мавсими оянда истеъфо диҳад. Нимҳимоятгари 31-сола ба клуби испанӣ бармегардад, ки дар он ҷо як мавсим пеш аз ба охир расидани шартнома ба майдон мебарояд. Пас аз ин, ӯ омода аст, то шарти хотима додани фаъолияти касбии худро  баррасӣ кунад. Дар мавсими ҷорӣ, Бейл дар тими “Тоттенхэм”  дар ҳамаи мусобиқаҳо 33 бозӣ гузаронида, 14 гол зада, се партофти головар анҷом додааст. Қайд карда мешавад, ки бо сабаби ҷароҳатҳои сершумори мушакҳо, ин футболбоз  наметавонад дар як ҳафта зиёда аз се маротиба тамрин кунад. Айни ҳол   ӯ ҳар гуна машқҳои босуръатро аз тамрин хориҷ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив