LIVE

Сархати ахбори рӯз: Нишондоди аҷиби ПЛА

  • «ПСЖ» аз 7 ҷоми охири Фаронса 6 ҷомашро баранда гашт.
  • Пирло дар мавсими аввали фаъолияти мураббигии худ ҷоми 2-юмро ба даст овард.
  • Бошгоҳҳои Премйер-Лигаи Англия бештар дар бозиҳои меҳмонӣ ғолиб меоянд, аз бозиҳои хонагӣ дида. Ин барои ТОП-4 дастаи чемпионати Англия бори аввал аст.
  • Роналду ҷоизаи 5 – умашро бо “Ювентус” гирифт. Ҷоми Италияро бошад, бори аввал.
  • Почеттино ҷоми дуюмро дар муддати 5 моҳ бо “ПСЖ” соҳиб гашт. Дар “Тоттенҳем”, “Саутгемптон” ва “Эспанйол” тӯли 12 сол ягон ҷому ҷоизаро баранда нашуда буд.
  • Бергвейн дар “Тоттенҳем” аз моҳи июни соли 2020 инҷониб бори аввал ба гол задан мушарраф гардид. Ӯро ба маблағи трансферии 32 миллион евро ба даст оварда буданд.
  • Микел Артетта: “ Онеро, ки моҳи декабр гуфта буд, “Арсенал” шонси дар ҷомҳои аврупоӣ бозӣ карданро дар бозиҳои ахир ба даст хоҳад овард, ақлбохта аст мегӯям.”
  • Гасперини оиди бохти “Аталанта аз “Ювентус” (1-2): “Ҳар ду даста ҳам хеле бозии хуб карданд. Бахти “Аталанта” дар лаҳзаҳои зарурӣ омад накард.”
  • Клопп оиди ғалаба бар “Бёрнли” (3-0): “Ин бозии нимниҳоӣ буд. “Ливерпул” ҳолашро ба таври зарурӣ хуб намуд.”
  • Мбаппе: «Ҳар як ҷом ҷойи худро дорад. Ман хеле хушҳолам, ки Ҷоми Фаронсаро ба даст овардаам”.
  • «МЮ» ва «Ман Сити» барои ба даст овардани ҳимоятгари 18 – солаи “Спортинг” Нуну Мендеш мубориза мебаранд. [Goal]
  • Эллардайс аз «Вест Бромвич» бо тамом шудани мавсим меравад.
  • Жиру шояд аз «Челси» ба «Милан» гузариш намояд. [La Republica]

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив