LIVE

Сархати ахбори рӯз: Якбора чанд рекорди нав!

  • Гвардиола бар Почеттино дафъаи 12-ум ғолиб омад. Аз ӯ зиёдтар фақат Мауриню ва Дайчро мағлуб намудааст.
  • «Манчестер Сити» – 9-ум бошгоҳи Англия аст, ки дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо роҳ ёфтааст. Ин рекорд аст!
  • «Манчестер Сити» 7 бозӣ пайиҳам ғалаба мекунад ва дар Лигаи қаҳрамонҳои имсолаи Аврупо бошад, ин 11 – ум бурди даста аст. Ин рекорди бошгоҳҳҳои англисӣ мебошад.
  • Гвардиола – 7-ум мураббиест, ки дар финали ЛҚА бо ду бошгоҳ баромадааст.
  • Андер Эррера: «ПСЖ» 70 дақиқа беҳтарин бозиро кард. Мо пайваста ҳуҷум кардем, аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода бурдем».
  • Риёз Маҳрез: «Асабҳои «ПСЖ» хароб гашт. «Ман Сити» метавонист зиёдтар гол занад».
  • Маурисио Почеттино: «ПСЖ» бар «Манчестер Сити» дар аввали бозӣ бартарӣ дошт. На ба ҳама ин муяссар мешавад».
  • Маркинйос оиди бохти 0:2 аз «Ман Сити»: «ПСЖ» тамоми кӯшиши худро намуд, аммо бохт аз рӯи чизҳои майда-чуйда буд».
  • Рубен Диаш – ҳимоятгари дастаи “Менчестер Сити” тибқи фарзияи UEFA.com беҳтарин бозингари бозии ҷавобии даври ½ ниҳоии ЛҚА байни дастаҳои “Манчестер Сити” ва “ПСЖ” гардид.
  • «Диаш хати ҳимояи “шаҳриён”-ро боваринок ҳимоя намуд. Бисёре аз ҳуҷумҳои хавфнокро маҳз ӯ гардонид». Назари Саутгейт дар бораи беҳтарин бозингари бозии “Манчестер Сити” бо «ПСЖ».
  • Марко Верратти: «ПСЖ» ба бурди худ то лаҳзаи корти сурх гирифтани Ди Мария бовар дошт ва мубориза истода буд».
  • Уокер оиди баромадан ба финали ЛҚА: «Барои ҷавони аз Шеффилд буда, ин орзуи амалишудаест! Ман воқеан ҳам масти ин ғалаба гаштаам».
  • Почеттино оиди бозӣ бо «Ман Сити»: «ПСЖ» 40 дақиқа аз 180 дақиқаи дар ихтиёрдоштааш дар ақалият бозӣ намуд. Ин барои рақиб бартарии бузург аст».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив