LIVE

"Реал" ҳайати дастаро барои бозӣ бо "Челси" эълон кард

Реал Мадрид дархости ҳайати бозингаронро барои бозии ҷавобии даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бо “Челси”  нашр кард.
Ба рӯйхати бозигарон капитани  “Реал Мадрид” Серхио Рамос  шомил шудааст, ки бо сабаби коронавирус ва осеби мушакҳо якуним моҳ ба майдон набаромада буд. Ёдовар мешавем, ки  бозии ҷавобӣ, 5-уми май соати 23:55 дар варзишгоҳи «Стэмфорд Бриҷ»-и шаҳри Лондон баргузор мешавад. Ҷараёни бозиро ТВ Футбол мустақиман пахш месозад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив