LIVE

Бохти «Барселона» ва корти сурхи Куман

Дар бозии даври 33-юми чемпионати Испания, шоми дирӯз – 29 апрел, «Барселона» дар Камп-Ноу «Гранада»-ро қабул намуд. Дар дақиқаи 23-юми бозӣ ҳамлавари каталониҳо Лионел Месси ҳисобро баъди партоби Гризманн кушод. Мизбонон нисбати меҳмонон бартарии зиёде доштанд, аммо аз фурсатҳои муносиб Гризманн ва Серхио Роберото натавонистанд ба нафъи “нилунориҳо” истифода кунанд. Дар дақиқаи 63-юм ҳамлавари “Гранада” Дарвин Мачис ҳисобро баробар намуд. Баъди 3 дақиқа бошад, сармураббии каталониҳо Роналд Куман корти сурх гирифта аз курсиаш ронда шуд. Дар дақиқаи 79-юм бошад, ҳамлавари дигари меҳмонон Хорхе Молина аз масофаи наздик дарвозаи Тер Штегенро рахна намуда, ҳисобро 1-2 намуд. То охири бозӣ, бо вуҷуди ба майдон ворид намудани Усмон Дембеле ва Тринкау – ду ҳамлавари “Барселона”, шогирдони Куман натавонистанд дарвозаи меҳмононро рахна намуда, ҳадди ақал ҳисобро баробар созанд. Аз ҳама аҷибаш ин ки тибқи омори “Барселона” 81,9 фоиз тӯбро дар ихтиёри худ дошт, аммо бахт ба онҳо баландӣ накард.

            Ҳамин тавр, “Барселона” натавонист ба садри ҷадвал барояд ва дар ҷойи сеюми ишғолкардааш бо 71 имтиёз боқӣ монд. “Атлетико Мадрид” ҳамоно бо 73 имтиёз садрнишини ҷадвал боқӣ монда, “Гранада” бо касби 45 имтиёз дар ҷойи 8-ум қарор гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив