LIVE

“Юве” мехоҳад, ки бозигари “Барса”-ро ройгон ба даст орад

Ба “Ювентус” нимҳимоятгари “Барселона” - Усмане Дембеле лозим шудааст. Дар ин бора матбуоти Испания хабар медиҳанд. Аммо,туриниҳо барои даъвати футболбози мазкур дар тобистони имсол пул надоранд. Клуб аз Италия  нақша кашидааст, ки мавсими дигарро интизор шавад. Дар моҳи июни соли 2022 нимҳимоятгари фаронсавӣ агенти озод хоҳад шуд ва он вақт ӯро ба Турин даъват мекунанд. Ёдовар мешавем, ки “Манчестер Юнайтед” низ хоҳони ба даст овардани Дембелеро дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив