LIVE

Хашму эътирози мухлисони “Арсенал”

23 апрел ҳазорон мухлиси дастаи англисии «Арсенал» назди майдони хонагии ин бошгоҳ — майдони «Эмирейтс» ҷамъ омаданд. Ҳозиромадагон ҳам шифоҳӣ ва ҳам хаттӣ аз соҳибмулки бошгоҳ Стен Кронке аз бошгоҳ даст кашиданашро талаб карданд. Ин намоишу эътирозҳо қабл аз бозии даври 33-юми ПЛА байни дастаҳои “Арсенал” – и Лондон бо “Эвертон”-и шаҳри Ливерпул сурат гирифт. 

Мухлисони ин дастаи овозадори англисӣ аз он дар хашманд, ки “Арсенал” яке аз 12 бошгоҳи асосгузори Суперлигаи Аврупо гардид. Лоиҳае, ки ҳамагӣ ду рӯз умр диду зери фишори ҷомеаи футболӣ бекор карда шуд. Ба мухлисон ин амали соҳибмулки “Арсенал” Стэн Кронке нописанд аст, ки ҳамчун соҳибмули бошгоҳ ба чунин иқдом даст зада, розигӣ додааст.

Бозии мазкур бо ҳисоби 0-1 ба фоидаи шогирдони Карло Анчелотти сурат гирифта, ягонаи голи дидорро бозингари мизбон Лено иштибоҳан вориди дарвозаи худашон намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив