LIVE

Барои чӣ Роналду пероҳанашро партофт?

Ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду пас аз бозии Серия А бо Ҷеноа (3:1) эҳсосоти худро нигоҳ дошта натавонист.
Пас аз бозӣ майдонро тарк карда, португалӣ куртаашро кашида, ба болои сабза партофт. Футболкаро як болбой бардошт.
Рӯзноманигор Ромео Агрестӣ хабар дод, ки Роналдо майкаро бо хоҳиши худи  ӯ додааст. Аммо сармураббии “бианконерҳо” Андреа Пирло гуфт, ки форвард аз ҳунарнамоии худ норозӣ аст. 
"Ин муқаррарист. Роналду мехост гол занад, хусусан вақте ки вазъи бозӣ мушкилтар шуд, зеро ӯ қаҳрамон аст ва ҳамеша мехоҳад гол занад", - гуфт мураббӣ. Пирло қайд кард, ки даста Роналдуро ҷазо намедиҳад.
"Ӯ асабонӣ шуд, чун дигар бозигарон даста. Бозӣ ба анҷом расид ва асабонӣ шудани ӯ чизи таббиӣ аст. Ман фикр намекунам, ки бошгоҳ ӯро ҷарима мекунад”, - гуфт Пирло.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив