LIVE

"Юве" бе Роналду ғалаба карда наметавонад

Дар бозии даври 9- уми Серия А дастаи "Ювеетус" дар сафар бар муқобили "Беневенто" майдондорӣ кард. Сармураббии даста Андреа Пирло ба ситораи асосии даста Криштиану Роналду имконияти истироҳат дод.
Аввалин шуда футболбозони шаҳри Турин бо кӯшиши Алваро Мората ба пеш баромаданд. Бозигари испанӣ пас аз баргаштанаш ба сафи Юве  дар 11 бозӣ 11 амали натиҷабахш ( 8 гол ва 3 ассист) дорад. Ба голи ӯ футболбози хати дифоъи "Беневенто" Гаэтано Летисия дар сонияҳои охири нимаи аввали дидор ҷавоб гардонда, ҳисобро баробар 1:1 намуд. 
  Нимаи дуввум бештар дар маркази майдон сипарӣ шуд. Ҳарчанд Филиппо Индзагӣ ва Пирло тағйиротҳои зиедро анҷом дода бошанд ҳам ҳисоб то анҷоии рақобат бетағйир монд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив