LIVE

“Челси” номзади асосии ба даст овардани Агуэро

Ҳамлавари 32-солаи дастаи “Манчестер Сити” Серхио Агуэро, ки баъди тамом шудани ин мавсим аз бошгоҳ рафтанашро эълон намуд, дар Премйер-Лигаи Англия боқӣ мондан мехоҳад.  Дар ин бора, хабаргузории Daily Mail иттилоъ додааст. Вобаста ба ин иттилои дарёфташуда, бошгоҳи лондонии “Челси” хоҳони бастани шартнома бо ин бозингар шуда, яке аз пешгомони маъракаи ба даст овардани футболбози аргентинӣ ба шумор меравад. Қаблан маълум гашта буд, ки бошгоҳҳои “Ювентус” ва “Интер” омодаанд бо Агуэро қарордод банданд. Аз сӯи дигар, вақтҳои охир аз сӯи “Барселона” низ таваҷҷӯҳ ба ин футболбози 32-сола сарусадоҳо зиёд шуда буд. Аммо ду-се рӯзи ахир хабари дигар пахш шуд, ки сармураббии “нилунориҳо” Куман Серхиоро дар дастааш дидан намехоҳад. Дастгирии тасмимҳои ин мураббии ҳоландӣ аз сӯйи роҳбарияти навтаъсиси бошгоҳи “Барселона” баръало эҳсос мешавад. Куман ба ҷойи ин бозингари 32-сола, ҳамватани худ Мемфис Депайро дидан мехоҳад, ки алъон 27 сол дошта, дар дастаи “Лион” – и Фаронса фаъолият дорад.

Дар мавсими кунунӣ дар Премйер-Лига Агуэро 8 бозӣ гузаронида, ба задани 1 гол муваффақ шудааст. Агуэро ба дастаи “Манчестер Сити” тобистон соли 2011 аз “Атлетико Мадрид” гузариш намуда буд. Маблағи гузариши ӯ ҳамон вақт, 40 миллион евроро ташкил дода буд. Серхио дар ҳайати “шаҳриҳо” чаҳор маротиба қаҳрамони Англия, панҷ маротиба ғолиби Ҷоми Лига, се маротиба ғолиби Суперҷом, ҳамчунин як маротибаи дигар Ҷоми Англияро соҳиб гаштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив