LIVE

Гончаренко сабукдӯш ва собиқ футболбози "Бавария" сармураббии нав шуд

Виктор Гончаренко тарки "ССКА"-и Москва намуд. 
Мутахассиси белоруссӣ   ва артишиҳо   бо розигии тарафайн   тасмим гирифтанд,  ки ҳамкориро қатъ намоянд.

"Ташаккур, Михалич"- омадааст дар  изҳороти  хадамоти матбуотии бошгоҳи шаҳри Москва. Ёдовар мешавем, ки    Виктор Гончаренко   моҳи декабри соли 2016    роҳбарии ССКА-ро ба дӯш гирифта буд. Таҳти роҳбарии ин мутахассис    "ССКА"  дар 167 бозӣ  82 ғалаба ба даст оварда, соли 2018 Суперҷоми Россия-ро ба даст овардааст.  2 маротиба барандаи  нишони нуқраи   чемпионати Россия  гардида,   дар мавсими 2017-2018-и    Лигаи Аврупо   то марҳилаи ¼ ниҳоӣ  роҳ ёфтааст. Дар ҳамон сол  ССКА  ду маротиба "Реал Мадрид"-ро дар марҳилаи  гурӯҳии Лигаи чемпионҳо   шикаст додааст.
 Расонаҳо менависанд, ки   Ивитса Олич ба ҷойи Гончаренко сармураббии нави ССКА таъйин мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив