LIVE

4 футболбози тоҷик рақобатро дар Суперлигаи Ӯзбекистон шуруъ мекунанд

Имрӯз Чемпионати Ӯзбекистон оид ба футбол  шуруъ мешавад.  Дар ин рӯз   бошгоҳи “Навбаҳор”-и Эҳсони Панҷшанбе  тими "Суғдиёна"-ро  қабул   менамояд. Дастаи "Тӯрон", ки дар ҳайаташ футболбози тоҷик Умар Шарипов ҳунарнамоӣ мекунад,  10 март тими "Қӯқанд 1912"-ро мепазирад. Инчунин  "Бунёдкор"-и  Даврон Эргашев бо "Машъал"  неру месанҷад. 11 март бошад,   бошгоҳи "Қизилқум", ки  дар он    Ҷаҳонгир Эргашев бозӣ мекунад, дар майдони худ "Андиҷон"-ро қабул менамояд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив