LIVE

Жозе Алтафини:"Роналду бо Пеле баробар нашудааст ва ҳеҷ гоҳ намешавад"

Қаҳрамони  ҷаҳон 1958 дар ҳайати  мунтахаби Бразилия  Жозе Алтафини дастовардҳои  ҳамлагари “Ювентус” Криштиану Роналду ва Пелеро  муқоиса кард. 
“Аҷоиб, кӣ ҳамин раддабандиҳоро мебарорад, хандаовар аст! Роналду бо ҳеҷ кас баробар нашудааст.  Пеле дар бозиҳои расмӣ 1225 гол задааст. На  дар бозиҳои  санҷишӣ, на дар ҷойи дигар.  Ин нишондодҳо барои  худнишондиҳӣ навишта мешаванд. Роналду бо Пеле баробар нашудааст ва ҳеҷ гоҳ намешавад. Роналду ҳеҷ вақт  на бо Пеле, на бо Марадона ва на бо Месси   баробар шуда наметавонад. Онҳо  дар таърихи футбол беҳтаринанд.”,- гуфтааст Алтафини.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив