LIVE

Роналду дар бозӣ бо “Спетсия” рекорди таърихӣ гузошт

Ҳамлагари португалии “Ювентус” - Криштиану Роналдуи 36-сола дар даври 25-уми чемпионати Италия як гол ба дарвозаи “Спетсия” (3: 0) зад. Ин гол таърихӣ гардид, зеро Криштиану Роналду аввалин бозигарест, ки дар 12 мавсими охир дар 5 лигаи аврупоӣ беш аз 20 гол задааст. Дар мавсими ҷории чемпионати Италия, португалии 36-сола дар 21 вохӯрӣ 20 гол зада, 2 партофти головар анҷом додааст. Дар маҷмӯъ, ҳамлагари мазкур  дар ин мавсим 30 бозӣ гузаронида, 27 гол зада, 3 партофти головар анҷом додааст.
Ёдовар мешавем, ки қарордоди ӯ бо “Ювентус” то 30 июни соли 2022 эътибор дорад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив