LIVE

Роналду ягона футболбозест, ки дар асри 21 беш аз ҳазор бозӣ кардааст

Ҳамлагари “Ювентус” ва мунтахаби Португалия - Криштиану Роналду ягона футболбозест, ки дар асри 21 беш аз 1000 бозӣ кардааст. Дар ин бора Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) хабар медиҳад. Дар маҷмӯъ ӯ 1047 маротиба ба майдон ворид шудааст. Дар ин феҳрист собиқ дарвозабони “Реал Мадрид” ва тими миллии Испания Икер Касиляс мақоми дуюмро ишғол кардааст.  Дарвозабони мазкур дар асри 21 беш аз  974 бозӣ кардааст, аммо 74 бозии дигари ӯ дар асри 20 ба қайд гирифта шудааст. Агар ҳамаи бозиҳоро ҳисоб кунем,  пас Касиляс (1048) назар ба Роналду як бозӣ бештар кардааст.  Баъд аз Роналду ва Икер дар рейтинги IFFHS ҳимоятгари “Сан-Паулу” Дани Алвес қарор дорад. Вай дар асри XXI 969 маротиба майдондорӣ кардааст. 
Хави (937 бозӣ + 80 дар асри 20).
Ясухито Эндо (909 + 84).
Златан Иброҳимович (907 + 9).
Роҷерио Сени (904 + 310).
Лионел Месси (902). 
Ҷанлуиджи Буффон (852 + 212).
Хавйер Занетти (717 + 383).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив