LIVE

Касеро ба Месси ва Криштиану қиёс кардан иштибоҳ аст?

Аҷиб ва ҳам кам кам ғузнангез аст дидани заволи ду марди бузурги футболи муосир, аммо ҳар касу нокас хаққи танқиди Мессиу Роналдуро надорад. Ба он хотир, ки муддати 15 сол фақат рекордшикани карданду заифтар ҳам шуда бошанд, ханӯз побарчоянд. Дар ин сину сол гумон мекунам фақат буданашон  кифоя асту лаззати иловагӣ дорад, аммо дар рӯзи аввал Мбаппе тилисми Мессии бузургро шикаст ва рӯзи дуввум бошад, Роналдуи дастон назди бозингарони клуби кишвараш очиз монд. Криштиану расман иброз намуд, ки «Дар Турин аз худ дарак медихад». Эҳтимол Месси низ, лекин аз Мбаппеву Холанд – Мессиву Роналду сохтан як каме иштибоҳ аст. Монед, ки ин чавонон чанд мавсими дигар дар майдон бимонанд, баъд ҳамааш маълум мешавад. Бештар аз 17 сол аст, ки мо аз ҳунари волоии ин ду нобиғаи футбол ҳаловат мебарем,  аммо Мбаппеву Холанд як ду мавсими охир аст, ки ба мо худро шинос карданд. 
Санаи 9-ум ва 10-уми март нобиғаҳои футбол метавонанд  ба ғалабаи дастаҳошон кӯмак карда ё на?
Аз ҷониби дигар сабаби бохти ду абардастаро дар чӣ мебинед?
Таҳияи Исфандиёр Носиров

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив