LIVE

Месси дар бораи рақобат бо Роналду ҳарф зад

Лионел Месси ба ҳамлагари "Ювентус" Криштиану Роналду шифоаи комил орзу карда, гуфтааст, ки ҳарчи зудтар аз коронавирус шифо ёбад.
«Рақобат бо Роналду махсус буд ва мемонад. Он солҳои тӯлонӣ идома дошт ва муддати тӯлонӣ нигоҳ доштани сатҳи муайяни ҷисмонӣ осон нест. Рақобатпазирӣ байни ман ва Криштиану Роналду барои рушди шахсият низ хеле хуб буд ва ман фикр мекунам, ки ин ба мардум писанд омад. Мухлисони “Реал Мадрид”, “Барселона” ва дар маҷмуъ ҳама мухлисони футбол аз дидани ин нерӯсанҷӣ ҳаловат бурдаанд. Мо умедворем, ки ба онҳо эҳсосоти боз ҳам бештар мебахшем.
Эҳсос мешуд, вақте ки Криштиану дар “Реал” бозӣ мекард, бозиҳо ҷамбаи махсусро мегирифт. Ин вохӯриҳо ҳамеша махсус буданд, аммо бо будани Криштиану дар майдон, онҳо маънои хоса касб карданд. Мо бозии навбатиро бесаброна интизорем. Умедворем, ки Криштиану метавонад аз коронавирус шифо ёбад ва дар ин бозӣ ширкат варзад», - гуфт Месси дар сайти DAZN.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив