LIVE

Роналду ва Месси дар маҷмуъ чанд гол задаанд?

Шумораи голҳое, ки ду футболбози беҳамто Лионел Месси ва Криштиану Роналду дар 10 солаи сипаришаванда дар якҷогаӣ задаанд, аз дастаҳои маъруфи ҷаҳонӣ бештар будааст. Сар аз соли 2010 то 2019 ҳарду бозигари саршинос дар маҷмуъ 704 гол задаанд, ки чунин шумораи голҳоро тамоми футболбозони тими «Арсенал» дар 10 соли охир ба самар расонидаанд. Месси ва Роналду аз бозикунони «Манчестер Юнайтед» дида, бештар гол ба қайд гирифтаанд. Ҳайати «МЮ» дар маҷмуъ 688 гол доранд. Футболбозони «Тоттенхэм» бошад, дар 10 солаи охир 657 гол ба ҳисоб гирифтаанд.  

Аз соли 2010 то 2019
Лионел Месси ва Криштиану Роналду - 704 гол
«Арсенал» - 704 гол
«Манчестер Юнайтед» - 688 гол
«Тоттенхэм» - 657 гол

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив