LIVE

Табрези Давлатмир дар чемпионати Эстония баромад мекунад

Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва "Истиқлол" -и Душанбе Табрези Давлатмир корномаи  худро дар чемпионати Эстония идома медиҳад.
Футболбози 22-сола бо клуби "Нарва-Транс"-и Эстония шартнома бастааст. Дар клуби нави худ Табрези Давлатмир бо рақами 3 баромад мекунад.
«Рафтан ба клуби "Нарва-Транс" барои ман  имтиҳони нави касбист.  Мехоҳам ҳарчи зудтар бо тим шинос шавам ва дар клуби нав тамринро оғоз кунам.  Бо истифода аз ин фурсат, ман мехоҳам ба клуби "Истиқлол", ки дар он чанд мавсим бозӣ кардаам, ташаккур гӯям.  Ба клуби Душанбе дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК-2021 муваффақият орзу мекунам», - гуфтааст Табрези Давлатмир.
Мавсими нави Лигаи олии Чемпионати Эстония байни 10 тими футбол 5-уми март оғоз меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив