LIVE

Беҳтарин футболбози Осиё дар 10 соли охир эълон шуд?

Ҳамлагари дастаи "Тоттенхэм" ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ – Сон Хин Мин аз ҷониби Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) беҳтарин бозингари даҳсолаи охири Осиё дониста шуд.
Ҷойи дуюмро нимҳимоятгари собиқи ССКА ва ҳоло бозингари "Портимоненс" – Кейсуке Хонда ишғол кард. Дар зинаи саввум нимҳимоятгари тими "Ал-Ҳилол" – Салим Ал-Досари қарор гирифт.
Пештар хабар дода шуда буд, ки IFFHS форварди "Ливерпул" ва тими миллии Миср – Муҳаммад Салоҳро беҳтарин бозингари даҳсолаи охири Африка эътироф кард ва ҳамин номинатсияро ҳамлагари  "Барселона" ва яккачини Аргентина – Лионел Месси дар байни футболбозони Амрикои Ҷанубӣ ба даст оварда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив