LIVE

Криштиану Роналду ҷаримабандӣ мешавад

Интизор меравад, ки ҳамлагари “Ювентус”-и Турин Криштиану Роналдуро барои риоя накардани чораҳои карантин ҷарима мекунанд.
Бино ба иттилои Corriere dello Sport, футболбоз ҳамроҳ бо хонумаш Ҷорҷинио Родригес марзи байни минтақаҳои Пиемонтро дар Валле д'Аостаро убур кардааст. Онҳо барои таҷлили 27-умин солрӯзи таваллуди хонумаш ба як маркази лижаронӣ рафтанд. Аммо, ҳарду минтақаи хатарнок эътироф шудаанд.   Илова бар ин, ба гуфтаи манбаъ онҳо дар меҳмонхонае зиндагӣ мекарданд, ки расман баста аст. Наворе, ки дар он Роналду ва Ҷорҷинио ҳузур доранд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд, аммо баътар он видеҳо ҳазф карда шуданд. Барои вайрон кардани чораҳои пешгирии паҳншавии коронавирус, футболбози португалиро ҷарима интизор аст. Ёдовар мешавем, ки Роналду дар бозии чорякниҳоии Ҷоми Италия "Ювентус" СПАЛ (4:0) ҳузур надошт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив