LIVE

“Барселона” ба даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Испания баромад

Дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Испания, “Барселона” бар “Райо Валлекано” ғалаба кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Кампо де Валлекас”-и Мадрид баргузор шуд ва бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Дар дақиқаи 63-юм ҳисобро ҳимоятгари “Райо Валекано”  Франсиско Гарсия кушод. “Барселона” пас аз ҳафт дақиқа ҳисобро баробар кард.   Футболбози аргентинӣ Месси ҳисобро баробар намуд. Даҳ дақиқа мондан то охири вақти асосӣ Френки де Йонг ҳисобро 2:1 намуд. Пас аз ин ғалаба “Барселона” роҳхати даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Испанияро соҳиб шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив