Клуби футболи "Локомотив" -и Маскав дар бораи қатъи шартнома бо нимҳимоятгари ӯзбак Ҷасур Ҷалолиддинов хабар дод. Дар ин бора сомонаи расмии роҳи оҳанчиён иттилоъ додааст. Ҷалолиддинови 18-сола тобистони соли гузашта ба "Локомотив" гузашт, аммо боре ҳам дар ҳайати даста баромад накард. Ӯ ба тими "Тамбов" ба иҷора дода шуд, аммо футболбози мазкур дар он даста низ ягон бозӣ анҷом надод. "Локомотив" моҳи октябри соли 2019 бо Ҷасур Ҷалолиддинов ба муҳлати 5 сол шартнома баста буд.
