“Саутгемптон” дар даври 1/16 ниҳоии Ҷоми Англия бар тими “Арсенал” ғолиб омад. Дар дидори мазкур як гол зада шуд, ки он ҳам аз ҷониби бозигари “Арсенал” ба қайд гирифта шуд. Футболбози бразилии дастаи лондонӣ Габриэл тӯбро вориди дарвозаи дастаи худ сохт. Ин худгол “Саутгемптон”-ро ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия баровард.
