LIVE

Ба “Барселона” чӣ мешавад? Месси меравад ё Хави меояд

Биёед ростқавл бошем: ҳамаи мо аз интизорӣ хаста шудем. Пас аз истеъфои президенти “Барселона” Хосеп Бартомеу даста   бошиддат рӯ ба таназзул ниҳод.  Гап дар бораи натиҷаҳо намеравад. Мақсад танҳо дар он аст, касе намефаҳмад, ки бренди асосии Каталония ба кадом самт хоҳад рафт. Месси мемонад, оё Хави меояд ва чӣ гуна бояд аз мушкилоти молӣ раҳо шуд? Ба ин саволҳо ҳеҷ гоҳ Карлес Тускетс, ки кумитаи муваққатии  идораро роҳбарӣ мекунад, посух нахоҳад дод. Вай идораро  назорат мекунад, аммо тасмимҳои стратегӣ намегирад. Аз ин рӯ барои ин кор  сарвари нав лозим аст.
Дар аввал, интихоботи президентии бошгоҳи “Барселона” мебоист рӯзи 24 январ баргузор мешуд. Аммо 10 рӯз пеш аз оғоз интихобот,  санаи интихоби президентиро ба  7 март гузарониданд. Сабаб манъкунии шадид дар минтақа мебошад, ки бо сабаби коронавирус ҷорӣ карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки на ҳама онҳое, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада метавонанд. Барса кӯшиш кард, ки бо идеяи овоздиҳӣ тавассути почта ба ҳукумат муроҷиат кунад, аммо дар  гумон аст, ки ба онҳо иҷозат дода шавад. Қонунгузорӣ бояд тағйир дода шавад ва ин як раванди сода нест. Ҳеҷ кас намехоҳад ҷанҷолҳои шабеҳ ба амрикоиҳо, ки қисми зиёди овозҳо, ки    Байден тавассути почта гирифт. Аз ин рӯ, эҳтимол дорад интихобот 7 март баргузор шавад. Ин маънои онро дорад, ки дар зимистон “Барса” бидуни трансферҳои ҷадид  хоҳад монд ва Роналд Куман мавсимро бо  ҳайате, ки дорад ба анҷом мерасонад. Пас ду моҳ маълум мешавад, ки даста то куҷо рақобатпазир гардидааст. Се номзаде, ки шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъ оварданд, стратегияҳои нисбатан шабеҳ доранд, аммо вазни интихоботӣ гуногунанд. Бо эҳтимоли зиёд Жоан Лапорта, ки бо Месси дӯстони қаринанд дар интихобот пирӯз мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив