LIVE

Футболбози 24 сола дар майдон аз ҳуш рафт. Пас аз чанд лаҳза қалбаш аз тапидан боз монд

Футболбози бразилӣ - Алекс Аполинарио, ки дар дастаи "Алверка"-и Португалия ҳунарнамоӣ мекард, ҳангоми бозӣ беҳуш шуд ва пас аз чанд рӯз дар беморхона даргузашт. Дар дақиқаи 27-уми вохӯрӣ бар муқобили тими “Юниао Алмейрим” дар дивизиони сеюми Чемпионати Португалия - Аполинарио аз ҳуш рафт. Духтурони навбатдори варзишгоҳ ба футболбоз ёрии аввалияи тиббӣ расонида, баъдан  ӯро ба беморхона интиқол доданд. Аммо бо вуҷуди кӯшиши табибон футболбоз наҷот наёфт. Намояндагони бошгоҳи  "Алверка" изҳороте интишор карданд, ки дар он онҳо омодагии худро барои дастгирии оилаи Аполинарио иброз доштанд. Марҳум 24-сол дошт.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив