LIVE

"Тоттенхэм" роҳхати даври финалии Ҷоми Лигаи Англияро ба даст овард

Дар шаҳри Лондон аввалин бозии даври нимниҳоии Ҷоми Лигаи Англия миёни "Тоттенхем Хотспур" ва "Брентфорд" баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ, ки тими "Брентфорд" меҳмони "Тоттенхэм" шуда буд, ҳисобро дар дақиқаи 12-ум Мусса Сиссоко боз намуд. Дар нимаҳои пайти дуюм меҳмонон низ ба задани гол даст ёфтанд, аммо ин гол бекор карда шуд. Зеро ба ақидаи доварон муаллифи гол дар ҳолати оффсайд қарор дошта аст. Ба ҳар ҳол "Тоттенхем" ба ин ҳам иктифо накарда дар дақиқаи 70-уми дидор Сон Хин Мин як бар як ба муқобили дарвозабон баромада, голе ба самар расониду дастаи "Тоттенхем Хотспур" бо ҳисоби ду бар сифр ғолиб ва соҳиби роҳхат ба даври ниҳоии Ҷоми Лигаи Англия шуд. Зимнан меҳмонон то охир талош карданд,ки вазъро тағйир диҳанд, аммо танҳо дастовардашон аз майдон берун шудани Ҷош Да Силва шуд, ки қоидаситезии дағалона анҷом дод. Рақиби "Тоттенхем Хотспур"  ғолиби ҷуфти "Манчестер Юнайтед" ва "Манчестер Сити" хоҳад шуд, ки имрӯз баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив