LIVE

Месси,Агуэро, Рамос, Озил бе даста мемонанд

Sky Sports  рӯйхати 20 футболбози беҳтаринро тартиб додааст, ки қарордодашон  тобистони соли 2021 ба поён мерасад. 
Дар ин рӯйхат футболбозони шинохта ба мисли Лионел Месси «Барселона», Серхио Агуэро  «Манчестер Сити», Серхио Рамос «Реал Мадрид» , Месут Озил «Арсенал», Давид Алаба «Бавария», Мемфис Депай «Лион», Жоржинйо Вейналдум «Ливерпул», Аркадиуш Милик «Наполи», Анхел Ди Мария «ПСЖ» ва Ҷанлуиҷи Доннарумма «Милан». 

       Ин бозигарон аз 1 январ бо дастаҳои дигар метавонанд озод муошират кунанд. Дар сурати пешниҳоди нав накардан,  дастаҳо   метавонанд онҳоро бо нархи арзон фурӯшанд ва ё   дар тобистон ба онҳо иҷозати рафтанро бидиҳанд. 
Sky Sports мӯътақид аст, ки агар ҳамлагари 33-солаи “Барселона” Лионел Месси ба бозори агентҳои озод ворид шавад, Манчестер Сити ва ПСЖ довталаби аслии ӯ хоҳанд шуд, инчунин имкони бозгашт ба ватани худ – ба тими  “Нюэллс Олд Бойз” низ  истисно нест". 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив